Муштзани қазоқ бори 21-ум унвони қаҳрамонияшро ҳифз кард – видео

Обуна шудан
Муштзани қазоқ, Геннадий Головкин бори 21-ум унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни миёнаро ҳимоя карда, рекорд гузошт

Дар ИМА байни муштзани лаҳистонӣ, Камил Шеремет ва варзишкори қазоқистонӣ Геннадий Головкин сабқат баргузор шуд, ки бо пирӯзии намояндаи Қазоқистон хотима ёфт.

Драка на Чемпионате России по вольной борьбе до 23-х лет - Sputnik Тоҷикистон
Мусобиқаи гуштирии озод дар як лаҳза ба муштзанӣ табдил ёфт – видео

Варзишгарон ҳафт давр қувваозмоӣ карданд, ки дар ҷараёни он Головкин ҳарифашро 4 маротиба аз пушт афтонд.  Ҳамин тариқ, муштзани 41-сола мувофиқи радабандии Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) бори 21-ум унвони ҷаҳонии худро дар вазни миёна ҳимоя кард ва бо ин рекорд гузошт.

Варзишгар 41 ғалаба (35 бо нокаут), як мусовӣ ва ҳамон миқдор мағлубият дорад.

Головкинро дар сафҳаи Твиттери худ раисиҷумҳури Қазоқистон, Қосим-Жомарт Тоқаев табрик гуфт. Вай қайд кард, ки варзишгар бори дигар маҳорати баланд ва иродаи қавӣ барои пирӯзӣ нишон дод.

​Барои муштзани лаҳистонӣ, Шеремет ин аввалин шикаст дар қувваозмоиҳои касбӣ буд.  Вай инчунин барои унвони қаҳрамонии ҷаҳон низ бори аввал мубориза бурд.  Ӯ 31 сол ва 21 пирӯзӣ дорад, ки 5-тои он бо нокаут анҷом ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0