Иштироки намояндагони парлумон дар ҳамоиши “Ҷавонон зидди ситоиши милатгароӣ”

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкОрдена и медали ветерана ВОВ, архивное фото
Ордена и медали ветерана ВОВ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндагони парлумони Тоҷикистон, дар видеоконфронс таҳти унвони “Ҷавонон зидди ситоиши милатгароӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 19 дек – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, ин конфронс дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ, ки ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шудааст, баргузор гардид.

Портрет ветерана ВОВ Бустанова Атакула - Sputnik Тоҷикистон
Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Тоҷикистонро дар он раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод ва Наҷибулло Окилзода, Шамолов Парвиз ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Назирова Дилором намояндагӣ намудаанд.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, иштирокдорон дар маърӯзаҳои худ қайд намуданд, ки набояд далелҳои воқеии таърихӣ сарфи назар карда шаванд.

“Имрӯз муҳим аст, ки ҷомеаи солим тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад, то корномаи гузаштагони мо фаромӯш нагардад. Зеро худпарастӣ, парокандагӣ, бегонаситезӣ, созгорӣ бо ҳама гуна зуҳуроти шовинизм ва миллатгароии хашмгин ба бадтарин рӯзҳо оварда мерасонад”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0