Қарори Ҳукумат: сабукӣ барои бунёди 10 қабулгоҳи президентҳо дар Душанбе

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат молу маҳсулотеро, ки барои бунёди 10 бӯстонсаро ворид мешаванд, аз пардохти боҷу андоз озод кард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, ки моҳи равон имзо шуд, масолеҳи сохтмонии воридшаванда барои 10 бӯстонсаро дар маркази Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Президент РФ В. Путин принимает участие в заседании Совета глав государств – членов ШОС в Бишкеке - Sputnik Тоҷикистон
Нақша: президентҳо – аз Путин то Руҳонӣ ва Син Ҷинпин ба Душанбе меоянд

Дар қарор омадааст, ки 10 бӯстонсаро барои қабули меҳмонҳои баландпоя, сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонҳой дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, дар канори бӯстонсарои ҳукумати Тоҷикистон бунёд мегарданд.

Эрон аз СҲШ хостори муҳокимаву муҷозоти муртакибони террори Муҳсини Фахризода шуд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон муваззаф шудааст, ки расмиёти молу масолеҳи сохтмонии воридшавандаро саривақт анҷом диҳад.

Тасмими бунёди қабулгоҳҳои махсуси меҳмонҳои баландпояи СҲШ дар Душанбе дар ҳолест, ки ахиран раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Русия ба Тоҷикистон гузашт. Дар нақша аст, ки роҳбарони кишварҳои узви ин созмон соли оянда 20-солагии СҲШ-ро дар шаҳри Душанбе таҷлил намоянд.

Лентаи хабарҳо
0