ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik, Андрей Котс. Ин низоми нав, ки аз сӯи Институти илмӣ-тадқиқотии алоқаи радиои фосилавии Русия ихтироъ шудаааст, ба Русия имкон медиҳад, ки сарҳадҳои ҷанубии худро қавитар намояд, ва аз вайронкунии марзи давлатӣ ҷилавгирӣ намояд. "Стратегия" тамоми воситаҳои пайгириро, ки ба нирӯҳои дарёии Русия таалуқ дорад бо ҳам мепайвандад. Дар бораи ин низом ва қобилиятҳои он - дар гузориши РИА Новости.
Баҳр - дар кафи даст
Аксари системаҳои муосири назорати баҳрӣ, аз худ пойгоҳҳои радиолокатсиониро дар бар мегиранд, ки ба шабакаи умумӣ пайваст мебошанд ва баҳрро дар масофаи чандин километр аз соҳили баҳр назорат мекунад. Маълумот дар бораи ҳаракати киштиҳо ба маркази ягона расонида мешавад ва сипас дар онҷо қарор қабул карда мешавад. Масалан, дар бораи боздошти марзшикан қарор қабул карда мешавад.
"Стратегия" дар асоси принсипҳои радиолокатсия ташакул ёфтааст, - шарҳ медиҳад ба РИА Новости Виктор Мураховский, сармуҳаррири маҷаллаи "Арсенали Ватанӣ". – ин низом ба таври автоматӣ ҳамаи киштиҳоро дар минтақаи фарогирӣ дар вақти воқеӣ муайян мекунад. Ин низом албатта, тамоми хусусиятҳои асосии ҳаракати киштиҳо аз ҷумла роҳ ва суръатро сабт мекунад. То ҷое ки ман медонам, чунин як низом қарор аст дар минтақаи Арктика низ ҷойгир шавад"
Ба гуфтаи коршинос, "Стратегия" беназир аст. Ин низом имкони бо ҳам пайвастшудани тамоми радарҳои назоратиро дар Баҳри сиёҳ дорад. Дар ҳамин ҳол, барои назорати минтақаҳои дурдаст, ба он метавонанд радарҳои уфуқӣ, ки фазоро дар ҳудуди ҳазорҳо километр назорат мекунанд, пайваст шаванд. Хусусияти асосии ин технология комилан автоматӣ будани он будааст.
"Имрӯз мутахассисони ба истилоҳ Маркази фармондеҳии ҷангии нерӯҳои дарёӣ бо назорати вазъи рӯи об машғуланд" гуфт, Мураховский. Ин низом бештар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ мерос мондааст. Операторҳо маълумоти зиёдо таҳқиқ мекунанд бештар бо даст. Онҳо ҳама тағйиротро дар фазо дар экранҳои махсус дар харитаи шаффоф бо маркерҳо қайд мекунанд. Ҳоло ин корҳоро компютерҳо мекунанд. Ҳамин тавр дар низоми нав аксари корҳои дастиро компютерҳо иваз мекунанд".
Ҳузур зиёд шудааст
Масъалаи назорати вазъ дар Баҳри сиёҳ ҳамеша дар мадди назари Русия буд. Солҳои охир ҳузури НАТО дар ин минтақа зиёд шудааст. Дар охири моҳи сентябр сардори Раёсати амалиёти асосии Ситоди Генералӣ Сергей Рудской гуфт, ки соли 2020 киштиҳои ҷангии Атлантикаи Шимолӣ дар Баҳри Сиёҳ нисбат ба соли 2019 афзоиш ёфтааст.
Фаъолиятизиёди НАТО дар ин минтаца дар моҳи июл, замони тамринҳои низомии Sea Breeze-2020 оғоз ёфт. Дар онҳо тақрибан ду ҳазор сарбозони Амрико, Украина, Булғористон, Гурҷистон, Норвегия, Руминия, Испания ва Туркия, ширкат доштанд. Инчунин ба машқҳо зиёда аз 25 киштии ҷангӣ ҷалб шуда буд.
"То 40 дарсади ин киштиҳо интиқолдиҳандагони силоҳи дурбурд мебошанд", - гуфт Рудской. "Аз ҷумла, киштии нерӯҳои баҳрии Амрико "Рузвельт ", ки метавонад то 90 мушаки болдори" Томагавк "дошта бошад, борҳо вориди Баҳри сиёҳ шудааст."
Дар асл, ягона чизе, ки нерӯҳои дарёии НАТО-ро аз иқдомҳои доимӣ дар Баҳри миёҳ бозмедорад, Конвенсияи Монтре аст, ки соли 1936 ба имзо расидааст.
Таваҷҷуҳ бештар нерӯҳои Ғарб, ба Қрим медиҳанд. Киштиҳои кишварҳои Ғарб борҳо ба Қрим наздик шудаанд, ҳавопаймоҳо ва паҳподҳо дар наздикии марзҳои ҳавоии Русия мунтазам парвоз мекунанд. Ғарб мехоҳад маҳалли иншоотҳои низомӣ дар Қримро муайян кунад ва инчунин фаҳмад, ки системаҳои электронии иртиботӣ, артишиРУсия дар кадом басомадҳо кор мекунанд.
Бартарӣ дар минтақа
Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш пинҳон намедоранд, ки аз зиёд шудани иқтидори низомии Русия дар Баҳри миёҳ нигаронанд.
Дар моҳи декабр, маркази тадқиқоти стратегии амрикоӣ RAND ҳатто гузоришеро дар бораи муқовимати нерӯҳои дарёии Амрико дар Баҳри сиёҳро интишор кард. Маълум шуд, ки дар ин минтақа Русия ҳама гуна эартишро мағлуб мекунад, ҳатто агар Иёлоти Муттаҳида бо Булғористон, Руминия, Туркия, Украина ва Гурҷистон ҳамкорӣ кунад.
Маскав воқеан метавонад, ба ҳар гуна таҳдидҳо посух диҳад - нерӯҳои дарёии мустақар дар минтақа мунтазам бо киштиҳои нав ва киштиҳои зериобии дорои системаҳои пуриқтидори ҳамла пур зиёд карда мешавад.
Илова бар ин, дар худи Қрим, ки онро аксар вақт "киштии ҳавопаймои заминӣ" меноманд, як гурӯҳи бузурги артиш ҷойгир шудааст, ки бо муосиртарин системаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва системаҳои зиддимушакӣ муҷаҳҳаз мебошанд, ва имкон доранд ба ҳадафҳои баҳрӣ дар масофаи назаррас зарбаи ҷавобӣ диҳанд. Онҳо сайёр ҳастанд ва метавонанд мавқеъашонро зуд иваз кунанд. Ошкор ва нобуд кардани онҳо мушкил аст.
Таҳлилгарони амрикоӣ ба хулосае расиданд, ки Русия Баҳри сиёҳро ҳатто бидуни ба ҷанг даст задан, кишварҳои НАТО-ро таҳти назорат хоҳад гирифт.