ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия кишварашро нисбат ба кишварҳои Ғарб “мо нармдилу беозорем” донист. Ин нуктаро кишвардори Русия дар нишасти бузурги матбуотӣ бо хабарнигорони дохиливу хориҷӣ таъкид кард.
Путин қайд кард, ки барои кишвараш масъулият эҳсос мекунад ва барои манфиатҳои Русия ҳамаи корро анҷом хоҳад дод.
“Шумо мегӯед, ки “мо нармдилу беозорем”. Нисбат ба Шумо – бале, ҳамин тавр аст “мо нармдилу беозорем”. Зеро мо тасмим гирифтем мардумонеро, ки орзу доштанд мустақилона рушду пешрафт кунанд, аз султаи шуравӣ озод кунем. Мо қавлу ваъдаҳоеро бовар кардем, ки мегуфтанд НАТО ба сӯи Шарқ густариш нахоҳад ёфт, вале ба ин ваъдаҳо вафо накарданд", - гуфт роҳбари давлат.
Путин гуфт, ки НАТО ба самти шарқ ду маротиба тавсеа ёфт. Вай афзуд, ки инфрасохторҳои низомии НАТО ба марзҳои Русия наздик шуданд.
“Магар мо набояд вокуниш нишон диҳем? Магар Русия аз созишномаи ҳимояи зидди мушакӣ баромад? Ин кори мо нест. Мо маҷбурем бо тавлиду ихтироъи силоҳҳои нав ҷавоб диҳем, то ки таҳдидҳо ба кишварро коҳиш дода шавад”,- таъкид кард роҳбари Русия.
Вай илова кард, ки Русия берун аз қаламраваш ҳамагӣ се пойгоҳи низомӣ дорад аз ҷумла дар Тоҷикистон, аммо Амрико дар саросари ҷаҳон –аз як шабакаи бузург бархӯрдор аст.
Путин қайд кард, ки Русия кишвари таҷовузгар нест.
“Мо таҷовузгар нестем. Агар “мо нармдилу беозор” ҳам набошем нуронӣ ҳастем ва ҳамеша омодаи гуфтугӯ мебошем. Дар охир мехоҳам аз гурбаи Леополд иқтибос биёрам “Баччаҳо биёед дӯстона зиндагӣ кунем”, - гуфт Путин.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи панҷшанбе нишасти матбуотии бузурги солонаашро анҷом дод. Ин нишаст 16-уми раисҷумҳур буд.
Бино бар пандемияи вируси корона нишасти имрӯзаи Владимир Путин дар шакли аҷиб сурат гирифт. Гуфтугӯи Владимир Путин бо хабарнигорон дар шакли онлайни сурат гирифт. Инчунин раисҷумҳури Русия на танҳо ба суоли хабарнигорон балки ба суолҳои мардуми Русия низ ҷавоб дод.