Чунучароҳои роҳҳои арзони ҳавоӣ ва касодии бозори ширкати тоҷикӣ

© Sputnik Граждане Таджикистана улетают на родину рейсом через Самарканд
Граждане Таджикистана улетают на родину рейсом через Самарканд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чиптаи гарони “Сомон Эйр” роҳи мусофиронеро, ки аз Русия ба Тоҷикистон меоянд, дигар кард. Муштариёни ширкати тоҷикии ҳавонавардӣ аз даст мераванд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Нархи миёнаи чиптаи ҳавопаймо барои парвоз ба Душанбе ҳудуди 37, Тошканд – 20 - 25, Бишкек ё Ӯш – 15 ҳазор рубли русӣ (1 рубл баробар ба 1,53 дирам) аст. Ин иттилоъ аз сомонаҳои расмии ширкатҳои ҳавонавардӣ ва ҳам мусофирин ё муҳоҷирине ба даст омад, ки аз Маскав ё шаҳрҳои дигари Русия тариқи ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон бармегарданд.

Қурбон Норов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзҳои охири моҳи ноябр аз Маскав тариқи ширкати “Ӯзбекистон ҳаво йуллари” – и Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада буд. Вай ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, чиптаро дар Маскав ба қимати 28 ҳазор рубли русӣ, муодили 4 ҳазору 250 сомонӣ дарёфт намуда, ширкати ӯзбекӣ ӯро ройгон ба марзи Тоҷикистон расондааст.

“Ҳудуди 10 ҳазор рубли русӣ фоида кардам. Ҳоло мегӯянд, “Ӯзбекистон ҳаво йуллари” қимати чиптаҳояшро ба 20 ҳазор рубли русӣ коҳиш додааст”, - гуфт ӯ.

Эҳтимолан коҳиши нархи чиптаҳои ширкати ӯзбекӣ ба он вобастагӣ дорад, ки ҳамсояи дигари Тоҷикистон – Қирғизистон низ 4 декабр марзҳои худро ба рӯи тамоми шаҳрвандони кишварҳои ҷаҳон боз намуд. Табъан роҳи ин кишвар барои мусофирини тоҷик низ боз шуд.

Самолет Сухой Суперджет SSJ100 - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Ростов лаби Дон халабон ба ҳалокат расид

Малик Боев, сокини вилояти Суғд, чанд рӯзи қабл тариқи ширкати “Уралские авиалинии” ба Ӯш, шаҳри ҷанубии Қирғизистон, парвоз намуда, тариқи такси худро ба Исфара ва сипас, Хуҷанд расондааст.

“Нархи чиптаи ҳавопаймои хатсайри Екатеринбург – Ӯш то 15 ҳазор рубли русӣ аст. Арзонтар ҳам ёфтан мумкин аст, аммо барои рӯзҳои дуртар. Аз Ӯш то Исфара бо такси ба 1000 рубли русӣ омадам”, - гуфт ӯ.

Расем, шуд...

Раҳматуллоҳ, нафаре, ки тариқи “Сомон Эйр”, ширкати ҳавонавардии тоҷикӣ, ба Душанбе парвоз кардааст, ҷузъиёти комилан мутафовитеро ба даст медиҳад. Ба қавли ӯ, ҳарчанд ин ширкат эълон кардааст, ки нархи як чипта 395 евро (1 евро – 13,7 сомонӣ) аст, аммо кам касе гувоҳӣ медиҳад, ки маҳз ба ин нарх чипта гирифта бошад.

“Аввал ин, ки чаро евро? Ӯзбекистону Русия бо пули худашон ё доллар ҳисоб мекунанд. Дуввум, “Сомон Эйр” чанд маротиба эълон кард, ки нархи чиптаҳояш собит аст, аммо ба назар меояд, онҳоро ҳар агентӣ ё фурӯшанда ба табъу таври худ мефурӯшад ”, - гуфт ӯ.

Аз ин хотир, бархе мегӯянд, ки як чиптаро то 450 еврову аз он бештар харидаанд. Касе эътибор намедиҳад. Ҳамин ки ба хона расем, шудааст, афзуд вай.

Нархҳои ҷаҳонӣ ё кайҳонӣ?

Дар ин боб, ки чаро намешавад чиптаи ширкатҳои тоҷикиро ба нархи муайян дастрас кард ва ширкатҳо ҳамеша талош доштанд, нархҳояшонро боло баранд, солҳост, ки баҳс мешавад. Посухи ширкатҳо ҳамеша ва дар ҳама ҳолат яксон буданду ҳич тағйир намекарданд.

Масъулини “Сомон Эйр”, танҳо ширкате, ки ҳоло ба интиқоли мусофирини тоҷик аз Русия машғул аст, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, поён бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоҳо аслан имкон надорад, зеро парвозҳо муназамм ва ё ҳатто чартерӣ нестанд. Ба қавли онҳо, парвози чартерӣ парвозест, ки харҷи рафтуомадро як ширкат ё муассиса пурра пардохт мекунад.

“Парвозҳое, ки мо анҷом медиҳем, хуруҷиянд ва аз сӯи Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 тасдиқ шудаанд. Бе мусофир меравем, бо мусофир меоем. Яъне харҷи ду парвозро мекунем”, - гуфтанд дар ширкат.

Масъули “Сомон Эйр” мегӯяд, тибқи ҳисобу китоби ширкат, парвози хуруҷӣ ба Русия наметавонад аз 395 евро поён бошад.

Самолет авиакомпании Azur Air - Sputnik Тоҷикистон
Боз як ширкати русӣ иҷозаи парвоз ба Тоҷикистонро гирифт

“Агар дуҷониба мебуд, мешуд нархи як ҷонибро ба 300 евро поён овард. Ҳар парвоз хароҷоти хоси амалиётӣ дорад, ки ба он хароҷоти собити дигар (истеҳлок (амортизатсия), лизинги амалиётӣ, бима, хароҷоти идорӣ ва умумии тиҷорӣ ва ғайра) зам мешаванд. Дар парвозҳои хуруҷӣ харҷи рафт бар омад бояд афзуда шавад”, - гуфт ӯ.

Тибқи иттилои “Сомон Эйр”, хароҷоти парвоз аз хизматрасонии фаннӣ ва истеҳлоки ҳавопаймо, ҳаққи фурудгоҳ ва хизматрасонии аэронавигатсия (47%), маводи сӯхт (24%), комиссияи агентиҳо, маош, андоз, ғизои мусофирин ва харҷи муқобила бо COVID-19 (15%), бақия хадамоти намояндагиҳо, хароҷоти идорӣ ва умумӣ (14%) иборат аст.

Дар ҳамин ҳол, ин манбаъ мегӯяд, барои хадамоти фурудгоҳӣ ва аэронавигатсионӣ барои парвозҳои номуназзам, аз ҷумла хуруҷӣ, сари ҳар хатсайр 40% изофахарҷ ё маблағи изофӣ бор мешавад, ки ба кадом хотиру чӣ будани он ҳадди ақал барои худи масъулини “Сомон Эйр” ва ҳам Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбеву “Тоҷикаэронавигатсия”, ки бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат карданд, маълум нест.

Маркази матбуоти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ваъда супурд, ки ин изофахарҷро шарҳ хоҳад дод. 

Рӯзе 5-6 парвоз: нашри ҷадвали нави парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон

Аммо суоле, ки мусофирин ҳамеша матраҳ мекунанд, ин аст, ки ҳамон ширкатҳои хориҷӣ низ чунин хароҷотро доранд, аммо чаро вобаста ба бозор нархгузорӣ мекунанд?

Дар посух ба ин суол огаҳони авзоъ мегӯянд, бар изофаи ин 40% - и машкук, нархи сӯзишвории вижаи ҳавопаймоҳо низ газанда аст. Онҳо як ширкате ба номи “Ширкати таъмини сӯзишворӣ” – ро ном мебаранд, ки танҳо интиқолдиҳандаи сӯзишвории ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон аст ва то ба ҳол боре ҳам нашуда, ки ин ширкат шарҳ диҳад, чаро моли он дар қиёс бо ширкатҳои ҳамсон дар кишварҳои дигар бамаротиб гаронтар аст.

“Ин навъи сӯзишвориро Русияву Ӯзбекистон худ доранд. Қирғизистонро бо ин мавод “Газпром” таъмин мекунад, зеро танҳо ширкати бозори маводи нафтии он кишвар аст. Тоҷикистон онро аз Русияву Қазоқистон бо қимати хеле гарон мехарад”, - гуфт яке аз огаҳони ҳол.

Масъулини ширкат афзуданд, ки агар расмиёти гумрукиву андози онро ба ҳисоб гирем, пас тасаввур кунед, ки нархи он чӣ қадар гарон хоҳад шуд

Нозир, на рақиб

Парвозҳои муназзам миёни Русияву Тоҷикистон аз моҳи марти соли равон дар пайи пандемияи “вируси корона” барҳам хӯрданд. Ҳукумати Тоҷикистон охирҳои июн барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия парвозҳои хуруҷиро ба роҳ андохт ва ин масъулиятро ба дӯши ширкати “Сомон Эйр” гузошт. Аз ҳамон оғоз мусофирин аз нархи гарони чиптаҳо розӣ набуданд, аммо парвоз бо ширкати тоҷикӣ танҳо гузинаи онҳо буд.

Аз 1 октябр Ӯзбекистон ва аз 4 декабр Қирғизистон роҳҳои ҳавоиву заминии худро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон боз карданд. Ин вазъ дар навбати худ масири онҳоро барои бозгашт ба ватан тағйир дод. Онҳо акнун имкон пайдо намуданд аз хадамоти ширкатҳои ҳавонавардии ин кишварҳо истифода кунанд, ки тавре дидем, ба нафъи ширкати тоҷикӣ тамом нашуд.

Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Чипта 42 евро: “Сомон Эйр” парвозҳои масири Душанбе-Хуҷанд-Душанберо барқарор кард

Аз гуфтаҳои масъулини “Сомон Эйр” бармеояд, ки ҳеҷ имкони пойин овардани нархи чиптаҳои худро надоранд. Ин ба он маъност, ки ширкат ба рақобат пардохтанӣ нест. Масалан, ҳамон “Ӯзбекистон ҳаво йуллари” пас аз ин, ки роҳи Қирғизистон боз шуд, нархи чиптаҳояшро поён овард, то рақобатпазир бошад  ва ҳатто, ба қавли шоҳидон, мусофирини тоҷики худро то марзи Тоҷикистон ва аз ҳисоби худ гусел мекунад.

Аз сифати хизматрасонии ширкатҳои ҳавонавардии тоҷикӣ ҳатто Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе интиқод карда буд.

"Сомон Эйр" сабаби гаронии нархи чипта барои парвозҳои чартериро шарҳ дод

Оё ширкатҳои тоҷикӣ, ба ҷуз ин ки танҳо нозири вазъ бошанд, коре аз дасташон хоҳад омад? Ин суолест, ки посух мехоҳад.

Лентаи хабарҳо
0