ДУШАНБЕ 15 дек - Sputnik. Раиси комитети ҷавонони Федератсияи футболи Эрон Миршоди Моҷдӣ дар бораи вазъияти урдуи тимҳои футболи пояи ин кишвар гуфт: "Хушбахтона бо ҳимояти ҳамаҷонибаи Федератсияи футбол, барномаи сафари тимҳои навҷавонон ва ҷавонон ба Тоҷикистон қатъӣ шуд ва дар як урдуи муштараки бисёр муфид чаҳор мусобиқаи тадорукотӣ дар пеш хоҳем дошт", иттлоъ додааст радиои Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии федератсияи футболи Эрон.
Ба гуфтаи Моҷдӣ, тимҳои миллии ҷавонону наврасони Эрон аз 21 то 28 декабр дар Тоҷикистон ҳузур хоҳанд дошт.
Тими футболи наврасони Эрон рӯзҳои 23 ва 26 декабр дар шаҳри Душанбе ба меҳмонии тими миллии навҷавонон Тоҷикистон меравад ва тими миллии футболи ҷавонони Эрон низ рӯзҳои 24 ва 27 декабр баробари тими миллии ҷавонони Тоҷикистони қарор мегирад.
Тимҳои миллии футболи наврасони ҷавонони Эрон худро барои рақобатҳои қаҳрамонии Осиё, ки ҳукми интихобии ҷоми ҷаҳониро дорад омода мекунанд.