Сӯхтор дар бозори шаҳри Турсунзода: шарҳи КҲФ

© Sputnik / Кирилл ШипицинМашина пожарной службы
Машина пожарной службы - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, бар асари сӯхтор дар бозори шаҳри Турсунзода 5 дӯкон осеб дидаанд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи 15 декабри соли равон рух дода, дар як муддати кутоҳ панҷ дӯкони фурӯши молҳои рӯзгорро ба коми худ кашид.

Павильон с пиротехникой горит в Ростове-на-Дону - Sputnik Тоҷикистон
Дурахшон ва зебо: сӯхтор дар дукони пиротехникӣ дар Ростови лаби Дон - наворҳо

“Ба ҷойи ҳодиса афсарони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда  дар шаҳри Турсунзода расиданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинону фурӯшандаҳои бозор ва истифодаи 7 мошини сӯхторхомӯшкунии хадамоти оташнишонии шаҳр оташро хомӯш карданд”, - омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Манбаъ таъкид кард, ки сабаби сӯхтор феълан маълум нест. Шарҳ ва навори сӯхтор дар сомонаи КҲФ нашр шудааст.

КҲФ масоҳати умумии сӯхторро 115 метри мураббаъ гуфта, таъкид намудааст, ки талафоти ҷонӣ  бар асари сӯхтор ба қайд гирифта нашудааст.

Лентаи хабарҳо
0