https://sputnik.tj/20201206/sukhtor-dar-dukon-pirotekhniki-dar-Rostov-labi-Don-navor-1032404277.html
Дурахшон ва зебо: сӯхтор дар дукони пиротехникӣ дар Ростови лаби Дон - наворҳо
Дурахшон ва зебо: сӯхтор дар дукони пиротехникӣ дар Ростови лаби Дон - наворҳо
Sputnik Тоҷикистон
Сӯхторнишонон чанд чоат боз алангаи дукони фурӯши пиротехникаро дар Ростови лаби Дон хомӯш карда наметавонанд 06.12.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-12-06T13:43+0500
2020-12-06T13:43+0500
2020-12-06T13:46+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032403473_0:66:1024:646_1920x0_80_0_0_130a38604d01c51059a30fb9d8d04964.jpg
ростови лаби дон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/06/1032403473_0:34:1024:678_1920x0_80_0_0_a50260197642297b4dac63c8a982e32b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ростови лаби дон
ҳамаи хабарҳо, дар русия, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, ростови лаби дон
Дурахшон ва зебо: сӯхтор дар дукони пиротехникӣ дар Ростови лаби Дон - наворҳо
13:43 06.12.2020 (Навсозишуда: 13:46 06.12.2020) Сӯхторнишонон чанд чоат боз алангаи дукони фурӯши пиротехникаро дар Ростови лаби Дон хомӯш карда наметавонанд
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Дар дукони дуошёнаи пиротехникӣ дар Ростови лаби Дон сӯхтор ба амал омад, хабар медиҳад КҲФ Русия.
Хабар дар бораи сӯхтор дар кӯчаи Малое Зелёное Колтсо соати 06:30 ба навбатдор расидааст.
"Замони расидан ба ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки сӯхтор дар майдони 200 метри мураббаъ дар маркази савдои дуошёна ба вуқӯъ пайвастааст", - иттилоъ доданд аз КҲФ.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ғурфаи савдо сӯхтор бо сабаби вайрон будани таҷҳизоти барқӣ ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он пиротехника ба таркиш даромадааст.
Амалиёти хомӯш кардани сӯхтор ба 4 бахш тақсим карда шуд.
Дар ин амалиёт 192 наҷотбахш ва 66 таҷҳизот фаъолият карданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз хатари паҳншавии оташ ҳушдор дод.
"Кӯшишҳо барои пешгирии паҳншавии минбаъдаи оташ андешида мешаванд", - афзуданд намояндагони ин ниҳод.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулода ба ТАСС хабар додаст, ки сӯхтор дар ғурфаи савдо боиси таркиши пиротехникӣ шуд.
"Пас аз сӯхтор пиротехника ба таркиш даромад ва чанд дақиқа осмонро оташи рангоранг фаро гирифт. Дохили ғурфа дурахшон шуд ва фурӯ рехт", - гуфт манбаъ.