Нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея фаъол шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСветодиодные лампы на предприятии по производству диодных ламп ООО "Гаюр" в Душанбе
Светодиодные лампы на предприятии по производству диодных ламп ООО Гаюр в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея - “Ғаюр Корея Технолоҷӣ” ба фаъолият шурӯъ кард

ДУШАНБЕ 16 дек - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар корхона 40 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, дар он истеҳсоли беш аз 100 номгӯи маҳсулот ба роҳ монда шудааст.

 Ввод в эксплуатацию предприятия по производству полипропиленовых мешков ООО «Гаюр-Пак» в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Акбар Ғуломов корхонаи нав бо 140 ҷои кориро дар Душанбе фаъол кард

“Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави саноатӣ дар марҳилаи аввал 100 ҳазор фурӯзонак дар як моҳ ва 1 миллиону 200 ҳазор дона дар як сол буда, барои таъмини талаботи бозори дохилӣ равона карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ дар доираи ҳамкории Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо ҷалби сармояи ширкати кореягии Гайа Энерҷӣ Ко ЭЛТЕДЕ (GAIA ENERGY Co.Ltd) сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона феълан истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ барои роҳҳои мошингарду пиёдагард, кӯчаву хиёбонҳо, ороиши биноию иншоот ва равшаннамоии дохили хонаҳо ба роҳ монда шудааст.

Истеҳсоли фурӯзонакҳои диодӣ, ки дар корхона бо истифода аз технологияи муосири RFSemi роҳандозӣ мегардад, имкони фаъол будани онҳоро то зиёда аз 100 ҳазор соат бештар мекунад, таъкид намуд манбаъ.

Ввод в эксплуатацию ООО Душанбинский мукомольный комбинат - Sputnik Тоҷикистон
“Авесто гуруҳ” дар бозори орд: ваъда барои таъмини талаботи дохилӣ ва содироти он

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе ивазкунандаи воридот буда, аз ҷиҳати кафолатнокӣ аз 1 то 3 сол пешбинӣ шудааст.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи дуюм ва сеюми корхона воридоти таҷҳизоти истеҳсолӣ ва технология аз Ҷумҳурии Корея дар назар дошта шуда, истеҳсоли пурраи диодҳо ва дигар қисмҳои фурӯзонакҳо дар дохили кишвар ба роҳ монда мешавад.

“Иқтидори истеҳсолии корхона дар марҳилаи дуюм 12 миллион ва дар марҳилаи сеюм 20 миллион дона фурӯзонаки диодӣ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳанда буда, 150 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад”, - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0