Гӯиё аз Белорус: вазири қирғиз аз қочоқи чорво ба Тоҷикистон гуфт

© Sputnik / Ульяна Соловьева / Гузариш ба медиабонкБелоголовая порода коров, архивное фото
Белоголовая порода коров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири кишоварзии Қирғизистон мегӯяд, сарфи назар аз мамнӯъ будани содироти чорво аз кишвар ҳанӯз ҳам тариқи қочоқ онро берун бурда истодаанд

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Сарфи назар аз маҳдудияти содироти чорво аз Қирғизистон онро тариқи қочоқ ҳанӯз ҳам ба Тоҷикистону Ӯзбекистон интиқол дода истодаанд, изҳор дошт Тилек Токтогазиев, вазири кишоварзии Қирғизистон зимни ҷаласаи парлумон.

Зеленый рынок в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Истеҳсоли тухму гӯшт Дар Суғд афзоиш ёфт, аммо нархҳо дар бозор поин нарафтааст

Вазири кишоварзӣ таъкид намуд, ки чорво аз кишвар чун моли гӯиё белорусӣ тариқи қочоқ содирот шуда истодааст.

Ӯ аз боздиди гуруҳи корӣ аз гузаргоҳи марзии “Сосновка” нақл кард.

“Тайи як соат ду мошини калони боркаш аз марз гузаштанд, ки ҳар якашон 30 сар чорво доштанд. Ними чорво бидуни тамға буданд”, - изҳор дошт вазир.

Токтогазиев илова намуд, ки чорворо гӯиё аз Белорус овардаанд, аммо ҳуҷҷатҳо хеле шубҳабарангез буданд. Ба гуфтаи вазир, бояд мақомоти дахлдор ба таҳқиқи чунин ҳолатҳо машғул шаванду аз қочоқ ҷилавгирӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0