ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон то аввали моҳи ноябр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд саршумори чорвои калон ба 667,1 ҳазор сар, чорвои майда 1,6 миллион сар, паранда 5 миллион сар ва асп 8472 сар расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2019 мутаносибан чорвои калон 5,8 ҳазор сар, моли майда 16 ҳазор сар, паранда 1,2 миллион сар ва асп 77 сар зиёд гардидааст.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар вилоят давоми даҳ моҳи соли равон зиёдшавии саршумори чорвою паранда ва истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорвопарварӣ барзиёд таъмин карда шуд.
Дар ин давра аз ҳисоби соҳаи чорводорӣ 38,7 ҳазор тонна гӯшт, 209,6 ҳазор тонна шир, зиёда аз 487,7 миллион дона тухм, 1546,4 тонна пашм, 1388 тонна асал ва 524 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан гӯшт 5388 тонна, шир 3495 тонна, тухм 146,7 миллион дона, пашм 33 тонна, асал 19 тонна ва гӯшти моҳӣ 327 тонна зиёд мебошад.