Ҳукумат дастур дод: баргузории ҳамарӯзаи ярмаркаҳо дар Душанбе то фаро расидани Соли нав

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевВ Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи дастури Ҳукумати Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад

ДУШАНБЕ 15 дек - Sputnik. Маконҳои баргузории Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бозорҳои “Меҳргон”, “Саховат”, “Қарияи боло” ва назди бинои “Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон” мебошанд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.

Экономическая выставка-ярмарка СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон: баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар Суғд

Манбаъ қайд кардааст, ки маҳсулотҳои дар ярмарка-фурӯшҳои мазкур пешниҳодгардида тару тоза буда, нархҳои он нисбат ба бозор арзон мебошад.

Ҳамзамон вазорати кишоварзӣ ба кулли шаҳрвандони кишвар иттилоъ додааст, ки то моҳи январи соли ҷорӣ чунин ярмаркаҳо идома дошта, онҳо метавонанд маҳсулотҳои лозимаи худро дастрас намоянд.

Дар ин ярмаркаҳо маҳсулотҳои лозима аз қабили гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ, тухм, картошка, пиёз, сабзӣ, карам, шалғам помидор, бодиринг, булғорӣ, биринҷ, равғани пахта, орд, гандум, шир, шакар, нок, себ, лимӯ, нахуд, лубиё, мош ва асал бо нархҳои дастрас ба фурӯш гузошта хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0