ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба унвони кишвардори нави ИМА ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентӣ, барқияи шодбошӣ равон кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Кремл.
Дар муроҷиатномаи худ Владимир Путин изҳори боварӣ кардааст, ки ба ихтилофи миёни кишварҳо нигоҳ накарда, Русия ва ИМА метавонанд ҳамаи мушкилоти ҷаҳонро ҳал кунанд. Чун ҳардуи кишварҳо барои субот ва амнияти ҷаҳон масъулияти хосса доранд.
"Аз ҷониби худ барои ҳамкорӣ ва алоқа бо Шумо омодаам", - қайд мекунад Путин.
Ғайр аз ин, президенти Федератсияи Русия таъкид кард, ки бо назардошти ин, ҳамкориҳои Русияву Амрико, ки ба принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми тарафайн асос ёфтаанд, ба манфиати халқҳои ҳарду кишвар ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳанд буд.
Пештар сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков шарҳ дода буд, чаро Путин чун дигар ҳамтоёни хориҷиаш, дарҳол пас аз интихобот Байденро бо пирӯзиаш муборакбод нагуфт.
Путин шарҳ дод, ки чаро то ҳол Ҷо Байденро табрик накардааст
Ба гуфти ӯ Русия натиҷаҳои расмиро интизор буд.
Шикастро қабул надорад: Трамп мегӯяд, ӯ дар интихобот пирӯз мешавад
Ёдрас мешавем, ки дар ИМА рӯзи 3 ноябр интихоботи президентӣ баргузор шуд.
Байден гуфт, дар давраи ҳукмронияш бо Русия чӣ гуна муносибат хоҳад дошт
Вале ба далели он, ки аксари мардум тариқи почта овоз доданд, ҳисобот то дер давом кард.
Расман ҳамаи овозҳо имрӯз ҳисобида шуданд ва мувофиқи натиҷаи ниҳоӣ Ҷо Байден президенти нави ИМА интихоб шуд.