ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Дирӯз хакерҳо саҳифаи сарояндаи машҳури Тоҷикистон Нигина Амонқуловаро дар Instagram шикастанд.
Дар ин бора tamoshow хабар дода, афзудааст, ҳамакнун мушкилот бартараф шудааст ва Нигина Амонқулова бо суроғаи ҷадид - @nigina_amonqulova дар Instagram фаъол аст.
"Ба ҳама салом! Дирӯз саҳифаи Нигина Амонқулова аз тарафи хакерҳо шикаста шуд. Нороҳат нашавед, мо роҳ ҳалашро ёфтем ва акнун Нигина дар суроғаи @nigina_amonqulova
фаъол аст", - омадааст дар хабарнома ва аз мухлисони сароянда даъват шудааст, ки ба саҳифаи ҷадиди Нигина обуна шаванд.
Ин охирон аксест, ки дар саҳифаи ҷадиди Нигина Амонқулова нашр шудааст.
Айни замон дар саҳифаи Нигина Амонқулова дар Instagram 105 аксу видео нашр шуда ва 163 ҳазор кас обуна шудааст.