Аксари онҳо ҳангоми ҷанг хонаҳои худро тарк карданд ва то ҳал ба макони худ барнагаштаанд.
Ҳалли ин мушкилотро дар ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ нирӯҳои посдори сулҳи Русия бар дӯш гирифтанд.
Аз Русия ба минтақа як гурӯҳи пизишкон равон карда шуд. Мақсади ин гурӯҳ кумак расонидан ба сокинони осоиштаи ин минтақа аст.
Ёдрас мешавем, ки тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои оташбаси комил ва рафъи тамоми душманиҳо дар минтақаи Қарабоғ рӯзи 10 ноябр ба имзои Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, нахуст вазири Арманистон Никол Пошинян ва Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин расид.
Бар асоси ин тавофуқ назорати манотиқӣ дар Қарабоғ, ки дар даргириҳои ахири байни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон ба дасти нерӯҳои озарӣ афтод ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор мешуд.
Ҳамин тариқ, якчанд шаҳрҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла Шуша, Ҷаброил ва Зангилон аз ишғоли Арманистон озод карда шуданд.
Даври ҷадиди даргириҳо байни Озарбойҷон ва Арманистон дар минтақаи Қарабоғ аз бомдоди якшанбеи 27 сентябри 2020 аз сар гирифта шуд ва куштаву захмӣ шудани ҳазорон нафар аз тарафайнро дар пай дошт.