Фергюсон боз шикаст хӯрд: доварон пирӯзиро ба рақибаш лоиқ донистанд - навор

© AP / John LocherТони Фергюсон
Тони Фергюсон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тони Фергюсон дар муҳорибаи ахири худ ба бохти навбатӣ рӯбарӯ шуд. Ҳарифи ӯ Чарлз Оливейра дар ин рақобат пирӯзӣ ба даст овард

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар муҳорибае, ки Тони Фергюсон ва Чарлз Оливейра дар иёлати Невадаи Амрико баргузор карданд, ба пирӯзии охирон анҷом ёфт.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от L'OCTOGONE 🎅 (@loctogone.mma)

Размикорон ҳамагӣ се раунд бозӣ карданд, ки дар ҳар се давр Оливейра нисбати Фергюсон фаъолтар буд ва бартарии зиёд дошт. Дар даври сеюм ҳарифи Тони дасти ӯро сахт тоб дод, вале ӯ тавонист муддати 8 сония дардро таҳаммул кунад.

Ин панҷумин шикасти касбии Тони мебошад. Муборизаи қаблии ӯ бо Ҷастин Гетҷе низ ба бохти ӯ анҷом ёфт. Он вақт Тони пас аз шаш сол бори аввал дар муҳориба шикаст хӯрд. Дар маҷмӯъ, Фергюсон 30 набард баргузор карда буд. Оливейро ғалабаи 30-юми худро ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0