Дар Нигерия силоҳбадастон 400 мактаббачаро рабуданд

© AP / Sunday AlambaМусульманские девушки из Нигерии в хиджабах идут на лекцию в школе, архивное фото
Мусульманские девушки из Нигерии в хиджабах идут на лекцию в школе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гурӯҳи силобадастон дар хиёбон тирпаронӣ намуда, як мактабро муҳосира карда аз он ҷо 400 хонандаро ҳамроҳи худ бурданд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Дар Нигерия гурӯҳи мардони мусаллаҳ ба мактаб ҳамла карда, тақрибан 400 хонандаро рабудаанд, менависад РИА Новости бо истинод ба нашрияи маҳаллии Vanguard.

Медицинская каталка в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Бишкек шаҳрванди Нигерия - мудири Cambridge School - ро то мурдан кӯфтанд - акс

Ин ҳодиса шоми ҷумъа дар шаҳри Канкара рух додааст. Ба навиштаи рӯзнома, ҳамлагарон дар кӯчаҳо тирандозии бераҳмона ташкил кардаанд.

Пас аз мудохилаи хадамоти амниятӣ, онҳо ба канори шаҳр, ки дар он мактаби миёнаи илмии ҳукумат ҷойгир аст, фирор карда, дар муассисаи таълимӣ оташ кушодаанд.

Толибон ба як мактаб ҳамла карданд ва бештар аз 104 нафарро куштанд

Маълум аст, ки дар ин мактаб зиёда аз 800 нафар таҳсил мекунанд. Ба гуфтаи сухангӯи полис Гамбо Исо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тавонистаанд беш аз 200 хонандаро наҷот диҳанд ва  тақрибан ҳамин теъдод толибилмон худ аз дасти ҷангиён халосӣ ёфтанд.

"Полис, артиши Нигерия ва флоти ҳарбӣ-баҳрӣ бо маъмурияти мактаб ҳамкории зич доранд, то шумораи хонандагони гумшуда ва рабудашударо дақиқ муайян кунанд. Гурӯҳҳои ҷустуҷӯӣ сахт кор мекунанд", - гуфт Исо.

Ҳамзамон, тавре ки рӯзнома қайд мекунад, Ваколатдор оид ба маорифи иёлати Бадамасай Чаранчӣ гуфт, ки пас аз ҳамла ба мактаб 406 нафар хонанда пайдо шуданд ва раванди баргаштани ӯдакон идома дорад.

Чаранчӣ қайд кард, ки хонандагони мактаб шабро дар ҷангал сипарӣ кардаанд.

Пас аз ҳамла, мақомот муваққатан ҳамаи мактабҳои иёлотро бастанд. Шоми шанбе президент Муҳаммад Бухорӣ эълом дошт, ки низомиён ҷойеро кашф кардаанд, ки ҷинояткорон он ҷо пинҳон шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0