ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Пулиси Душанбе ҷавонеро боздошт намуданд, ки як нафар ҷавонзанро таъқиб карда, гаппартоӣ менамуд. Худрави ронанда ва рақамҳои онро худи ҷавонзан сабт карда, унвонии кормандони пулиси пойтахт ирсол кард.
Ҷавонзан аз таъқибу гаппартоии ронанда шиква намуда, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост кард, ки нисбати ронанда чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Котиботи РВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки ронанда Бобобеков Хушбахти 24 - сола, сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки аз ҷониби кормандони милитсия дар асоси навори дастрас карда боздошт гардид.
Манбаъ меафзояд, зимни бозпурсӣ Хушбахт иқрор шуд, ки рӯзи 4 - уми декабр дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт ҷавонзанеро бо худраваш таъқиб намуда буд.
РВУД дар шаҳри Душанбе мегӯяд, бо назардошти ҳолати мазкур нисбати Бобобеков Хушбахт тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба маблағи 406 сомонӣ ҷаримабандӣ шуд.