ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мушаххас ва пурра намудани ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дар иртибот ба принсипи инсондӯстӣ сабук намудани ҷазои маъмурӣ таҳия шуд.
Вазири адлия таъкид кард, ки ҳуқуқвайронкунӣ барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии коммуналии шаҳрӣ сафар намудан пурра карда шуда, бо моддаи нави 295 замимаи 1 иловашаванда пешбинӣ гардид.
Ашӯриён тавзеҳ дод, ки барои истифодаи нақлиёти мусофиркашонӣ бе пардохти роҳкиро ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ гардидааст.
“Мутобиқи моддаи 295 замимаи 1, барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашонии коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодаи корти имтиёзноки шахси дигар ҷарима ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар иртибот бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” 14 сомонию 50 дирамро ташкил менамояд, таъин карда мешавад”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Ашӯриён.
Маҷлиси намояндагон тағйироти мазкур ба қонунгузориро қабул намуд.