ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба маълумоти Ожонси ҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона тағйир ёфта аз 15-20 то 25-30 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2-7 то 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимоли бориши борон дар назар аст
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.