ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст, хабар медиҳад агнетии Ховар бо такя ба маълумоти Ожонси обуҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10-15 то 17-22 дараҷа хунук ва рӯзона тайғир ёфта, аз 0-5 то 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, боридани борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 0 то 5 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 5 дараҷа хунук то 10 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм мешавад.
Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Дар вилояти Хатлон низ борони сусти марҳилавӣ меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Хатлон дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5° хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои водигӣ борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм ва рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.