Боздошти Шарипов барои ҳамёндуздиҳо дар бозор

© © Sputnik / Амир ИсаевБазар в городе Канибадам, архивное фото
Базар в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти Раҳмоналӣ Шарипов, сокини 33-солаи ноҳияи Вахш хабар дод, ки дар дуздии ҳамёни шаҳрвандон муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 12 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Шарипов Раҳмоналӣ, ки пеш ду маротиба бо гуноҳи дуздӣ суд шудааст, боз дар бозор ва дигар ҷойҳои серодам ба дуздии маблағҳои  мардум аз ҷайби онҳо машғул гаштаст.

Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Дар Хуҷанд коргари кироя 3000 доллари корфармояшро дуздид

Манбаъ афзуд, ки ба идораи милиса Холзода Фирӯза ва Розиқова Матлуба, сокинони шаҳри Бохтар муроҷиат карда, арз доштаанд, ки дар бозори “Фаровон”-и шаҳри мазкур аз ҷониби шахсони номаълум ҳамёнашон дуздида шудаст.

Маъмурини милиса муттаҳам дар ин ҷиноят Шарипов Раҳмоналиро боздошт кардаанд. ВУД зарари расондашуда ба ду нафар ҷабрдидаро  3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

“Дар шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон нисбати Шарипов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Лентаи хабарҳо
0