ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Кормандони милитсия дар вилояти Суғд, сокини 29-солаи деҳаи Зарнисори ноҳияи Рӯдакиро барои содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
Ба иттилои котиботи ВУД, Хуршеди Зафархон маблағи корфармои худро ба яғмо бурдааст.
Манбаъ меафзояд, боздоштшударо ронандаи автомашинаи боркаш, сокини 58 - солаи ноҳияи Варзоб аз мардикорбозор киро намудааст.
Мошини ҷабридида дар истгоҳи нақлиётии "Роҳи абрешим" ба таъмир ниёз дошт ва ронанда ҷавонеро аз мардикорбозор киро намуд, бехабар аз он ки ӯ дар баробари ҳақмузди худ гирифтан, ҳамчунин наздики 3 ҳазор доллари ронандаро низ медуздад.
Тафтишоти пешакӣ бо такя аз далелҳои ҷамъоваришуда иттилоъ медиҳад, ки коргари кироя Хуршеди Зафархон корфарморо ошкоро ғорат кардааст.
Зиндон ислоҳ накард: зани 27-сола боз барои ғоратгарӣ дастгир шуд
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодиса бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ҳарчанд дуздро пас аз як рӯзи рух додани ин ҳодиса боздошт карданд, ӯ аллакай қисме аз маблағи тасарруфкардаашро сарф намудааст.
Ҳоло аз 2 930 доллар ҳамчун далели шайъӣ танҳо 1700 доллар аз гумонбаршаванда рӯёнида шудааст.