Ҷавоне, ки пиёдагарди 61 – соларо пахш карду аз ҷои ҳодиса фирор кард, боздошт шуд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСудебное заседание, архивное фото
Судебное заседание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҷавони 22-сола сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, ки санаи 9 декабр марди 61-соларо пахш карду аз ҷои ҳодиса ғайб зада буд, боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, санаи 9 декабри соли равон ронандаи автомашинаи номаълум, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Элмуродов Зиёдулло Мусулмонович, соли таваллудаш 1959, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

МВД Таджикистана задержала беглого водителя  - Sputnik Тоҷикистон
Пиёдагардро пахш карду ҷои ҳодисаро тарк намуд: боздошти ронандаи фирорӣ аз сӯи милитсия

Гуфта шудааст, ки дар натиҷа, пиёдагард Элмуродов Зиёдулло ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид.

Боздошти ронандаи фирорӣ баъди шикояти шаҳрвандон тариқи Facebook

Дар ҳамин ҳол, кормандони милитсияи Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ронандаи фирориро боздошт карданд.  

"Ронандаи автомашинаи тамғаи "ДЭУ-Нексия", ки ба Нозимов Тоштемури 22 -сола, сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи ҳамин шаҳр тааллуқ дорад, дастгир карда шуд", - қайд кардааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Лентаи хабарҳо
0