Рӯзи 11 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1852 дар Париж кӯҳнатарин бинои сирк кушода шуд.
Соли 1946 аввалин компютери "Марк-1" ихтироъ карда шуд.
Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи "Московский комсомолетс" аз чоп баромад.
Соли 1946 Фонди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.
Рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2012 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои футболбозони ҷавон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи "С" минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил гардид.
Соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи "Обтаъминкунии шаҳри Душанбе" илова ворид карданд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот баррасӣ гардид.
Соли 2015 дар шаҳри Маскав ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.
Соли 2012 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар конфронси "Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд" ба Туркманистон сафар кард.
Соли 2015 вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр
- Рӯзи байналмилалии кӯҳ.
- Рӯзи байналмилали рақси "танго"
Рӯзи 11 декабр кӣ ба дунё омадааст
Соли 1952 - коргардон, ходими хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳалим Сангинов.