Тоҷикистону Арабистони Саудӣ масоили терроризму ифротгароиро баррасӣ карданд

© Sputnik / Александр Юрьев / Гузариш ба медиабонкЭр-Рияд, архивное фото
Эр-Рияд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо доктор Носир А. Ад-Довуд, вазири корҳои дохилии Подшоҳии ин кишвар масоили амниятиро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бино бар иттилои маркази матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ахиран дар Риёз Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо муовини Вазири корҳои дохилии Подшоҳии Арабистони Саудӣ доктор Носир А. Ад-Довуд дидору гуфтугӯ кард.

Мулоқоти Заробиддин Қосимӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср, Ториқ Ал-Васимӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти дипломатҳои тоҷик бо мақомдорони баландпояи Миср ва Арабистони Саудӣ

Манбаъ тайкид доштааст, ки дар мулоқоти  мазкур  масъалаҳои авлавиятноки ҳамкории ду кишвар дар самти таъмини амнияту субот ва мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва чолишҳои замони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ баррасӣ шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар партави роҳнамоиҳои пешвоёни ду кишвар ва дар доираисозишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.

Дархости Арабистони Саудӣ аз мусалмонони ҷаҳон: аз сафар ба Ҳаҷ худдорӣ кунед

Ёдрас мешавем, ки 22 феврали 1992 робитаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ (ШАС) барқарор гардидаанд. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 11 январи 1992 Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барасмият шинохт.  

Сафорати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Риёз пойтахти Шоҳигарии Саудӣ сентябри 2008 кушода шуд.

Дар ҳамин ҳол, сафорати Шоҳигарии Саудӣ дар Душанбе соли 2010  ифтитоҳ ёфт.

Лентаи хабарҳо
0