ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Фозил Обидов бо қарори ҷаласаи вакилони узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон, ин интихоб дар ҷаласаи вакилони узви ҲХДТ, ки имрӯз дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ баргузор гардид, сурат гирифт.
Тағйирот дар ҲХДТ: Бахтовар Сафарзода раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон шуд
Дар ин ҷаласа масъалаи интихоби раиси нави фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷаласа аъзои фраксияи ҳизби мазкур, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ Эмомалӣ Насриддинзода баромад намуда, таъкид кард, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи ҲХДТ, тибқи моддаи 52 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 Оинномаи ҲХДТ муайян карда шудааст.
"Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, барои фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, амалигардонии барномаҳо ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асоснок карда мешавад", — афзуд Эмомалӣ Насриддинзода.
Гуфта мешавад, ки дар байни 42 нафар аъзоёни Фраксияи ҲХДТ вакилон бо ихтисосҳои гуногун, аз ҷумла: муҳандисони соҳаҳои заминсозӣ, сохтмон, технология, ҳуқуқшиносон, иқтисодчиён, кишоварзон, агротехнологҳо, математикҳо, филологҳо, файласуфон, мутахассиси соҳаи тиб, сиёсатшиносон дохил гардиданд.
Манбаъ афзуда, ки дар кори ҷаласа раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовинони раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ ширкат карданд.