ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Ҷавод Умед, яке аз дӯстони ӯ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф ҳафтае қабл ба Шифохонаи чаҳорсадбистараи урду (госпитал) интиқол ёфта, ҳамин субҳ ҷон ба ҷонофарин таслим кардааст.
"Аввал, гуфтанд, ки далели бистарӣ шуданаш сармохӯрдагӣ аст ва тести "вируси корона" – аш манфӣ баромад. Баъдтар пизишкон гуфтанд, ки тести дубора мусбат буд. Ҳар чӣ буд, як чеҳраи матраҳи адабиётамонро аз даст додем", - гуфт ӯ.
Раҳнаварди Зарёб соли 1944 дар гузари Рикохона, аз кӯчаҳои қадимии Кобул ва дар як хонаводаи мутавассит дида ба ҷаҳон кушода, падараш аз тоҷикони вилояти Ғазнӣ аст. Пас аз хатми лисаи маъруфи Ҳабибия, вориди Донишгоҳи Кобул шуд ва онро бо ихтисоси журналистика ба анҷом расонд.
Баъдтар ихтисоси худро дар Донишгоҳи Велси Ҷанубии Бритониё такмил дод. Баъдтар ӯ дар нашрияҳои "Жвандун", "Ислоҳ", "Анис", "Ориёно", "The Kabul New Times" ва ғайра аз рӯзноманигори оддӣ то сардабир кор кардааст.
Дар вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон низ то симати муовини вазир фаъолият намудааст.
Солҳои ахири ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ раиси Иттифоқи нависандагони Афғонистон буд.
Пас аз суқути ин ҳукумат ба Фаронса фирор кард. Аммо дар замони ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ ба Кобул баргашта, дар вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон ба вазифа пардохт. Дар замони ҳукумати Толибон ӯ дигарбора ба Фаронса рафт ва пас аз суқути он ба ватан баргашта, дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай мушовири вазорати фарҳангу иттилоот буд.
Солҳои охир дар телевизиони “Тулуъ” вазифаи мушовириро ба зимма дошт. Раҳнаварди Зарёб яке аз достоннависони беҳамто дар Афғонистону минтақа аст.
Маҷмӯаи достонҳои ӯ, аз қабили "Дӯсте аз шаҳри дур", "Марди кӯҳистон", "Нақшҳо ва пиндорҳо", "Гунги хобдида", романи "Гулнор ва оина" ва ғайра ба забонҳои хориҷӣ дар Аврупову дигар кишварҳои ҷаҳон чоп шудаанд. Гузидае аз достонҳои кӯтоҳи Зарёб ба номи "Тасвир" ҳанӯз солҳои 80 – уми асри гузашта ба забон русӣ тарҷума шуда, филмномаи "Ахтари масхара" ҳам аз осори ӯст.
"Устод Зарёб солҳои ахир романе ҳам навиштааст зери номи "Чоргирди қалъа гаштам...", ки омода чоп аст", - гуфт Ҷавод Умед.
Ҷанозаи Раҳнаварди Зарёб имрӯз дар Кобул ба хок супурда мешавад.