Ҳукумат акси баҳсбарангезро тоза кард: корбарон истеъфои раисро талаб доранд-24 акс

© Администрация КанибадамаСеминар земледельцев в Канибадаме
Семинар земледельцев в Канибадаме - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз саҳифаҳои марбути мақомоти шаҳри Конибодом акси даҳҳо марди мақомдор, ки дар канор истода, кори се занро тамошо доранд, тоза карда шудааст

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ҳукумати Конибодом дар шаҳр семинар-машварати вилоятии кишоварзон баргузор шуда буд, ки дар он роҳбарони сатҳи ҷумҳуриявию вилоятӣ, аз ҷумла ноиби раиси Суғду муовини вазири кишоварзӣ иштирок доштанд.

Военный парад в Хороге по случаю приезда президента Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Президент Шамолзодаро фармондеҳи воҳиди махсус таъйин кард

"Дар соҳаи кишоварзӣ баъд аз ба итмом расонидани корҳои саҳроӣ, яъне ҷамъоварии ҳосил дар охири тирамоҳ ба зимистон додани поруҳои органикӣ гузаронидани шудгор, ҳамвор кардани замин, гузаронидани яхобмонӣ ва дар заминҳои шӯр гузаронидани шӯршӯӣ яке аз чорабиниҳои асосии деҳқонӣ ба ҳисоб меравад", - омадааст дар иттилоия.

Ҳукумати Конибодом дар саҳифаи фейсбукияш аз ҷараёни ин машварат аксҳо нашр кардааст, аммо аксе, ки даҳҳо мақомдор канор истода кори се занро тамошо доранд, аз саҳифаҳои расмӣ пок карда шудааст.

Бо вуҷуд бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо интиқод аксро бознашр намуда, бархе ҳатто барканории роҳбарони ноҳияро талаб кардаанд.

Остановка на зимовку: десятки белых лебедей прилетели на озеро Караколь в Казахстане - YouTube - Sputnik Тоҷикистон
Мурғҳои қу ба макони зимистонгузаронӣ ба Қарокул расиданд – видео

Масъулини Конибодом мегӯянд, дар акс занҳои кишоварз ба мақомдорон тарзи корашонро нишон додаанд.

Аз Суғд то Хатлон : Президент шаш раиси шаҳру навоҳиро барканор ва таъин кард

"Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо, семинар-машваратхо барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ғановати бозори кишоварзӣ аз маҳсулоти аз ҷиҳати экологи тозаи истеҳсоли худӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад", - омадааст дар иттилоия.

Лентаи хабарҳо
0