Боздошти Саидхуҷа Баҳоваддинов, собиқ роҳбари "Нақлиёти мусофиркашон"-и шаҳри Хуҷанд

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Саидхуҷа Баҳоваддинов, собиқ директори Корхонаи давлатии коммуналии "Нақлиёти мусофиркашон" -и шаҳри Хуҷанд аз сӯи маъмурони Раёсати мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Манобеъ аз Раёсати Агентии мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ин иттилоъро ба Sputnik Тоҷикистон таъйид карда гуфтанд, ки нисбати собиқ директори корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" - и шаҳри Хуҷанд бо се моддаи асноди ҷиноӣ парванда боз шуда ва ҳоло таҳқиқи он идома дорад.

"Нисбати Саидхуҷа Баҳоваддинов барои азхудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон, қаллобӣ ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ тибқи Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад", - гуфт манбаъ аз Агентии мубориза бо коррупсия.

Саидхуҷа Баҳоваддинов аз сентябри соли 2018 то 2019 дар вазифаи директори генералии корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд кор кардааст.

Конверт с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудир боздошт шуд: 49 300 сомонӣ пора гирифту ба Донишгоҳи тиббӣ дохил накард

Моҳи сентябри соли 2019, ба ҷойи ӯ, Бахтиёр Комилов директори ин корхона таъйин шуд ва ҳудуди чаҳор моҳ дар ин мақоми вазифавӣ фаъолият кард.

Аз 26 - уми январ то 24 - уми июл Фарҳод Шарипов, дар вазифа кор кардааст. Аз июли соли ҷорӣ Зокирҷон Зоҳидов директори генералии КВДК "Нақлиёти мусофиркашон" - и шаҳри Хуҷанд таъйин шудааст. Соли 2018 баъд аз чанд соли аз гардиш боз истодани автобусу тролейбусҳои сохти шӯравӣ, ҳаракати автобусҳо дар Хуҷанд ва чанде аз шаҳру ноҳияи атрофи он ба роҳ монда шуд.

Барои тадбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд" Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 26 миллион доллар ҷудо кард. Аз ин ҳисоб 17,5 милион доллар қарз ва 8,5 миллион доллари дигар гарант ва ё қарзи бебозгашт аст. Муҳлати баргардонии 17,5 миллион доллар қарзи бонк то соли 2027 пешбинӣ шуда, то ин вақт дар шаш марҳилаи пардохт Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" - и Хуҷанд 4,3 миллиони қарзи бонкро пардохт намудааст.

Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашон" - и дар Хуҷанд аз ҳисоби ин қарзи бонкӣ дар соли 2018, 100 адад автобуси тамғаи "ЛИАЗ 429" ва "ЛИАЗ 5292-" - ро аз Русия ворид кард ва ҳаракати ин нақлиёти ҷамъиятӣ дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи он ба роҳ монда шуд.

Аммо, баъди чанд вақт ҳаракати автобусҳои нав ба мушкил печид ва ронандаҳо дар суҳбат бо расонаҳо дар бораи мушкили пардохти маош шикоят намуда буданд.

Аз моҳи ноябри соли ҷорӣ ҳаракати автобусҳо бо низоми пардохти электронии роҳкиро дубора фаъол карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0