UFC шартномаро бо варзишкори сархӯш, ки дар тӯй ҷанҷол кард, бекор намуд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкВид на арену стадиона
Вид на арену стадиона  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкор аз соли 2016 аъзои промоушени UFC буда, охирин рақобати ӯ моҳи октябри соли равон баргузор шуда буд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. UFC шартномаро бо варзишкор Ҳоҷимурод Антигулов, ки дар паи сархӯшӣ дар яке аз тӯйҳо дар Доғистон ҷанҷол кард, бекор намуд, хабар медиҳад портали хабарии BJ Penn.

Воқеъа рӯзи 2 декабр рух дод. Маросими арӯсӣ бидуни машруботи спиртӣ баргузор шуда буд, вале Антигулов бо худ машрубот оварда дар назди омма нӯшид. Ба варзишкор чанд маротиба эрод гирифтанд, вале ӯ сарфи назар карда, ахиран ба яке аз меҳмонҳо дарафтод.

Антигулови 33-сола дар тӯли фаъолияти варзишиаш 20 бор пирӯз шуда, ҳашт маротиба шикаст хӯрдааст.

Ӯ аз соли 2016 бо UFC пайваст (ду ғалаба, чор бохт). Охирин мубориза бо иштироки ӯ моҳи октябри соли равон баргузор шуд. Ӯ дар ин мусобиқа, ки дар Абу-Даби баргузор шуд, аз ҳамватани Максим Гришин мағлуб гашт.

Тибқи иттилои торнома, UFC инчунин шартномаро бо варзишкори амрикоӣ Мэти Виман, русиягӣ Сафарбек Сафаров, канадагӣ Коул Смит ва уругвайӣ Эдуард Гарагорри бо мақсади ҷой додан ба варзишкорони ҷавон, бекор кард.

Лентаи хабарҳо
0