Таваллудхонаи Ваҳдат чӣ ҳол дорад? вазир барои санҷиши кори табибон ба беморхона рафт

© Министерство здравоохранения РТМинистр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода посетил родильное отделение Центральной больницы Вахдата
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода посетил родильное отделение Центральной больницы Вахдата - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳарчанд таваллудхонаҳо бояд занони ҳомиларо бепул қабул кунанд, вале шикояти мардум аз пулситонии табибону ҳамшираҳои шавқат борҳо расонаӣ шуда буд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Шояд паҳн гардидани чунин сару садоҳо боис шудааст, ки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода барои шинос шудан бо шароити шӯъбаи таваллудхона ба шаҳри Ваҳдат сафар кард.

Ид аль-Фитр в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Бобо пушаймон шуд: Гулов ду набераашро аз таваллудхона оварду маърака орост, вале...

Ба иттилои котиботи вазорати мазкур, рӯзи 9 декабр Абдуллозода дар идомаи гаштҳои шабона ва рӯзона дар муассисаҳои тандурустӣ аз шӯъбаи зоишгоҳи шаҳри Ваҳдат боздид кард.

Бо дастури Президент: Камолов бо фарзандонаш дар Деваштич таваллудхона месозанд

Вазири тандурустӣ бевосита бо занони ҳомилаю аллакай таваллудкарда вохӯрӣ намуда, ҳамчунин бо пайвандони бемороне, ки дар беруни бино интизорӣ мекашанд, аз шароити беморхона ва сифати хизматрасонии табибони ин ҷо, пурсон шудааст.

© Министерство здравоохранения РТМинистр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода посетил родильное отделение Центральной больницы Вахдата
Таваллудхонаи Ваҳдат чӣ ҳол дорад? вазир барои санҷиши кори табибон ба беморхона рафт - Sputnik Тоҷикистон
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода посетил родильное отделение Центральной больницы Вахдата

Манбаъ меафзояд, пас аз шинос шудан бо шароити беморхона, вазири тандурустӣ барои беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ба масъулони ин дармонгоҳ дастуру супоришҳо дод.

Лентаи хабарҳо
0