Шитхарв - Вахон шуд: номи як деҳоти ноҳияи Ишкошим тағйир ёфт

© Фото : Nazir AbbasРоҳ ба сӯи Ишкошим, акс аз бойгонӣ
Роҳ ба сӯи Ишкошим, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон рӯзи 9 декабр масъалаи иваз намудани номи ҷамоати деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошимро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии аъзои Маҷлиси миллӣ номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба деҳоти Вахон иваз карда шуд.

Умед Джайхани - Sputnik Тоҷикистон
Умед Ҷайҳонӣ: давлат номи Пётри Якумро аз кӯҳсори Тоҷикистон бардорад

Дар ин бора дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 9 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ сурат гирифт, қарори дахлдор ба тавсиб расид. 

Вахон ном мегузоранд: Парлумон тағйири номгузорӣ дар Ишкошимро баррасӣ мекунад

Ёдрас мешавем, ки лоиҳаи қарори ҳукумат "Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошими ВМКБ оид ба иваз намудани номи деҳоти Шитхарви ноҳияи Ишкошим ба деҳоти Вахон", рӯзи 1 декабр зимни ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раисии Фарҳод Раҳимӣ  баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Сухани охирро Ҳукумат мегӯяд, на вазорат: Ҷайҳонӣ дар бораи тоҷикӣ кардани рутбаҳои русӣ

Пештар Ҳукумат номи яке аз қуллаҳои баландтарини Помирро, ки ҷуғрофидони рус Николай Корженевский ба номи ҳамсараш Евгения Корженевская гузошта буд, тағйир дод. Қуллаи Корженевская, ки бо баландии 7 ҳазору 105 метр аз баландтаринҳо дар минтақа мебошад, минбаъд бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи "Озодӣ" гирифт.

Бо қарори дигари Ҳукумат қуллаи  6230-метрӣ, ки соли 2009 "Озодӣ" номгузорӣ шуда буд, тайғири ном карда, "Сангталак"  ном гирифт.

Лентаи хабарҳо
0