ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Тибқи як қарори ҳукумат, мақомоти Белорус тасмим гирифтаанд, гузаргоҳҳои заминиро барои вуруд ва баромадан бибанданд.
Ҳамин тавр, на танҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, балки хориҷиёне, ки дорои иҷозаи иқомати доимӣ ё муваққатӣ ҳастанд, наметавонанд сарҳадро убур кунанд.
Ин чораҳо дар робита ба пешгирии паҳншавии коронавирус дар Белорус андешида шудаанд.
Беш аз 2,5 ҳазор донишҷӯи тиб дар Белорус алайҳи коронавирус дар набарданд - навор
Фармон пас аз 10 рӯз эътибор пайдо мекунад ва ба гузаргоҳҳои марзии роҳи автомобилгард, роҳи оҳан ва дарё дахл дорад.
Ҳолатҳои истисноӣ низ вуҷуд дорад. Масалан, вақте ки раиси Кумитаи сарҳадии давлатӣ дар бораи иҷозати баромадан қарор қабул мекунад, ки чунин ҳолатҳо метавонад ба манфиатҳи миллии кишвар ё ҳолатҳои фавқулодда вобаста бошад.
Ёдовар мешавем, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши коронавирус вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз 1 ноябр ба Белорус манъ карда шуд. Сарҳади заминии кишварро ҳамчунин аз Латвия, Литва, Лаҳистон ва Украина убур кардан мумкин нест.
Кумитаи давлатии марзбонии ҷумҳурӣ ба сокинон тавсия додааст, ки аз сафар ба хориҷа худдорӣ кунанд.