ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Аз оғози пандемияи коронавирус беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ғайриқонунӣ вориди Қазоқистон шудаанд, гуфт раиси Прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ Ернат Сибанқулов.
Ба навиштаи додситонӣ, аз 13 май бо сабаби пандемия, бо қарори Комиссияи байниидоравӣ, маҳдудиятҳо барои вуруди шаҳрвандони хориҷӣ дар Қазоқистон амал мекунанд. Ҳамзамон, ба шахсоне, ки шаҳодатномаи табобат дар муассисаҳои тиббии кишварро доранд, ба ҷумҳурӣ роҳ дода мешаванд.
Ба гуфтаи Сибонқулов, 232 зодагони Тоҷикистон дар муддати муқарраршуда бо шаҳодатномаҳои бардурӯғ ба Қазоқистон ворид шудаанд.
"Санҷише, ки аз ҷониби прокуратураи нақлиёт гузаронида шуд, далелҳои ташкили муҳоҷирати ғайриқонуниро бо роҳи додани шаҳодатномаҳои қалбакии тиббӣ дар бораи табобат дар муассисаҳои тиббии Қазоқистон барои 232 шаҳрванди Тоҷикистон муайян кард", - навиштааст сардори прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ дар сафҳаи Фейсбукияш.
Вай афзудааст, ки вобаста ба ин дар Қазоқистон тибқи моддаи 394 Кодекси ҷиноятӣ (ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд, ки таҳқиқи он ба шӯъбаи полиси фурудгоҳи Алмаато вогузор шудааст.