Ин қобили қабул нест: Мишустин дастур дод, ки нархи маҳсулот коҳиш дода шавад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПредседатель правительства РФ Михаил Мишустин
Председатель правительства РФ Михаил Мишустин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазоратҳо хавфи болоравии нархҳоро кам арзёбӣ карданд ва назорати вазъро аз даст доданд, гуфт сарвазири Русия Михаил Мишустин

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин зимни як ҷаласаи ҳукуматӣ дастур дод, ки барои коҳиш додани нархи маҳсулоти муҳимми озуқаворӣ дар кишвар чораҳои муассир андешида шаванд.

"Ин мавзӯъ барои мардум бениҳоят ҳассос аст. Дар заминаи коҳиши даромад, ин танҳо ғайри қобили қабул аст", - таъкид кард ӯ.

Ба гуфтаи Мишустин, вазоратҳо хатари болоравии нархҳоро кам арзёбӣ карданд ва назорати вазъро аз даст доданд. Бисёриҳо иштибоҳан болоравии нархи ғизоро ба мавсимӣ марбут карданд.

Махмадтоир Зокирзода - Sputnik Тоҷикистон
“Ман бозор меравам”: Раиси парлумон гуфт, вазъро медонад

Намояндагони вазоратҳо афзоиши содирот, динамикаи нархҳои ҷаҳонӣ, афзоиши қурби асъор ва кам шудани истеҳсоли як қатор молҳоро ба назар нагирифтанд, гуфтааст, ӯ.

Мишустин ёдовар шуд, ки қаблан президент Владимир Путин дастур дода буд, ки барои маҳдуд кардани болоравии нархҳо чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Ӯ аз болоравии нархи маҳсулот, аз қабили шакар, равғани офтобпараст, нон ва орд изҳори тааҷҷуб кард ва чунин чунин амалҳоро кӯшиши мутобиқ кардани нархҳои дохилӣ ба нархҳои ҷаҳонӣ номид.

Шакар – 7 сомонӣ: Комиссияи махсус ташкил шуд ва нархҳоро поин овард

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи маълумоти ниҳоди таҳиякунандаи оморҳо дар Русия, нархи чаканаи шакар дар моҳҳои январ-ноябр 71,54%, равғани офтобпараст - 23,78%, макарон - 10,45%, нон - 6,34% афзоиш ёфтааст.

Баҳси тухм дар парлумон: раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархро шарҳ дод

Дар моҳи ноябр нархи ин маҳсулот дар Русия ба ҳисоби миёна мутаносибан 8,9%, 7,4%, 1,3% ва 0,9% боло рафт.

Лентаи хабарҳо
0