Олмон ба Тоҷикистон 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ тақдим кард

© Министерство здравоохранения РТГермания передала 11 аппаратов ИВЛ Таджикскому национальному медицинскому центру «Шифобахш»
Германия передала 11 аппаратов ИВЛ Таджикскому национальному медицинскому центру «Шифобахш» - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Олмон ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати Олмон дар доираи амалисозии тарҳи Бонки Олмонии Рушд  ба Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Тоҷикистон "Шифобахш" 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ тақдим кард, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Аппарат ИВЛ - Sputnik Тоҷикистон
Олмон ҳам ба Тоҷикистон кӯмаки тиббӣ дастрас кард

Аснои тақдими таҷҳизоти тиббӣ, муовини якуми вазири тандурустии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст дар самтҳои гуногун, махсусан дар соҳаи тандурустӣ ёдовар шуда, иброз доштааст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон маҳз зери сиёсати дурандешонаи роҳбарони олии ду кишвар амалӣ гардида истодааст.

Ӯ гуфтааст, лоиҳаи Бонки Олмонии Рушд яке аз шарикони муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Манбаъ афзуда, ки  ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

"Иродаи қавӣ": пизишки ҷавони тоҷик худ ва фарзандашро аз коронавирус дар Маскав наҷот дод

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Олмонии Рушд, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш”  иштирок намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0