Олмон ҳам ба Тоҷикистон кӯмаки тиббӣ дастрас кард

© Sputnik / Кирилл Шипицин / Гузариш ба медиабонкАппарат ИВЛ
Аппарат ИВЛ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯмаки тиббӣ дар доираи маблағгузории гранти махсус аз ҷониби Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушдиОлмон тавассути Бонки Рушди Олмон — KfW дастрас шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 ироа гардидааст

ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Олмон ба арзиши 1 миллион евро ба Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус авод ва таҷҳизоти тиббӣ дастрас намудааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ хабар медиҳад.

"Мавод ва таҷҳизоти тиббии мазкур аз 16 номгӯй: воситаҳои муҳофизатии яккаратаи кормандон, маводи безараргардонӣ, термометрҳои фосилавӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва воситаҳои нобудсозии маводи истифодашуда иборат буда, он  дар асоси таҳлили эҳтиёҷот ва таҳти дастури Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тартиб дода шудааст", - менависад манбаъ.
Трамп о российской помощи США: Красивый жесть Путина - Sputnik Тоҷикистон
"Ишораи зебои Путин": ситоиши Трамп аз кӯмаки тиббии Русия

Маводи тиббӣ ба Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе супорда шуда, дар маросими он муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, Сафири Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн ва намояндаи маҳаллии Бонки Рушди Олмон KfW Манучеҳр Бақоев  иштирок намуданд.

11  адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии истеҳсоли ширкати Ҳамилтон (Швейтсария) бо маҷмӯи пурраи қисмҳои якдафъаина барои фаъолияти беист давоми 1 сол дар шароити сарбории пурра пешбинӣ шудааст.

Як даҳшат буд: чӣ гуна Русия 120 сол пеш ба Тоҷикистон дар муқобили эпидемия кӯмак кард

Ин таҷҳизот ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Данғара ва Ёвон дода мешаванд. Ин беморхонаҳо инчунин бо мақсади безараргардонӣ бо лампаҳои ултрабунафш таъмин мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0