Аксар кишварҳои аврупоӣ дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус қарантинро шадидтар мекунанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Қарантин дар Англия
Ҳукумати Британия сар аз 5 ноябр то 2 декабр қарантинро пурзӯртар мекунанд. Фаъолияти ҳамаи муассисаҳои фароғатӣ, тарабхонаву майхонаҳо, мағозаҳои ба фурӯши хӯроворӣ машғул нестанд, баста мешаванд.
Зимнан, аз тамоми шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки дар хона бимонанд ва режими дуркорӣгузаранд.
Бидуни зарурат сайру гашт кардан ва ё тарки кишвар намудан низ номумкин аст. Танҳо ба одамоне, ки кор мекунанд, иҷозати ба берун баромадан ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кардан, ҷоиз аст.
Ҳамчунин кори муассисаҳои саноатӣ, саноати сохтмон ва киштиҳо иҷозат дода шудааст. Мактабҳо ва донишгоҳҳо ба таври маъмулӣ ва бехатар кор хоҳанд кард.
Ҳукумат сайругашти шаҳрвандон ва варзишҳои инфиродии берунаро ташвиқ мекунад. Маъбадҳо танҳо барои намозҳои инфиродӣ ва танҳоӣ боз хоҳанд буд, хидматҳо баргузор нахоҳанд шуд.
Гирифторони коронавирус дар Эрон аз 600 ҳазор нафар гузашт
Дар ҳамин ҳол, Борис Ҷонсон сарвазири Британия мегӯяд, қарантин ба мисли моҳҳои март ва апрел намешавад, тадбирҳои нав камтар соддаанд, маҳдудиятҳо камтаранд ... Аммо метарсам, ки аз рӯзи панҷшанбе шиори асосии мо ҳамин хоҳад буд:" Дар хона бимонед ва системаи миллии тандурустиро ҳифз намоед.
Қарантин дар Олмон
"Карантини маҳдуд" бо сабаби пандемияи коронавирусӣ дар Олмон аз рӯзи душанбеи 2 ноябр то охири моҳ ҷорӣ карда мешавад. Канслери Олмон Ангела Меркел дар ин бора пас аз мулоқот бо сарони давлатҳои федералӣ хабар дод.
Театрҳо, кино, марказҳои фитнес, фоҳишахонаҳо, кошонаи ҳусн, меҳмонхонаҳо баста мешаванд. Мақомот самаранокии тадбирҳоро дар нимаи моҳи ноябр баррасӣ мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ онҳоро ислоҳ мекунанд. Мактабҳо ва кӯдакистонҳо минбаъд низ ба таври санитарӣ кор хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки дар Фаронса, Белгия, Шветсария, Австрия низ дар робита ба пандемия қарантин ҷорӣ мешавад.