Ҳушдори обуҳавошиносон аз эҳтимоли боридани барфу борон дар саросари кишвар

© Sputnik / Амир ИсаевСнегопад в Душанбе
Снегопад в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Обуҳавошиносони Тоҷикистон эълон доштанд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф эҳтимол дорад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонсии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, барфу борон меборад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 ва рӯзона  3+5  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориш ба амал омада, туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

На территории парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Борону барф меборад: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф ба амал меояд. Дар ғарби вилоят бориши бошиддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 1-6 дараҷа хунук мешавад. Рӯзона ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона тағйир ёфта аз 10-15 то 18-23 дараҷа хунук ва рӯзона 1-6  дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (-0,5мм) дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши сусти борон ва барф ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа  хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа  хунук ва рӯзона аз 3  дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа  гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва рӯзона аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0