Федератсияи триатлони Тоҷикистон узви САТА шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкТриатлон. Мужчины
Триатлон. Мужчины - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Федератсияи триатлони ҷумҳурӣ узви Ассотсиатсияи Осиёи Марказӣ - Central Asian Triathlon Association шуд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, ҷаласаи онлайнии САТА, федератсияҳои триатлони 5 кишвар - Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат карданд.

Шерали Кабир - Sputnik Тоҷикистон
Кабиров вазифаи нав гирифт: роҳбарии Федератсияи нави варзишӣ ба зиммаи ӯ гузошта шуд

“Аъзои ҷаласа натиҷаи фаъолияти ассотсиатсияро дар соли 2020 натиҷагирӣ карда, тақвими мусобиқаҳоро барои соли 2021 баррасӣ намуданд. Аъзои ҷаласа якдилона Федератсияи триатлони Тоҷикистонро дар шахсияти котиби генералии федератсия Искандар Шарифов ба узвияти САТА қабул карданд”, - омадааст дар иттилоияи Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ афзуд, бо роҳи овоздиҳӣ тақвими чорабиниҳои САТА барои соли 2021 тасдиқ карда шуд.

Ҳамчунин аъзои САТА оид ба ҳамкориҳои минбаъда дар самти таҳияи барномаҳо ҷиҳати омода кардани варзишгарон, таъсиси шабакаи тамринӣ ва баргузории ҷамъомадҳои машқӣ-таълимӣ дар мавсими оянда ба мувофиқа расиданд.

“Бо қатъият метавон гуфт, ки пандемия натавонист монеи кори мо шавад ва мо ҳамаи оилаи триатлон ин давраи душворро паси сар кардем, фаъолиятамонро ҷиҳати рушд ва оммавӣ кардани триатлон идома додем. Федератсияи триатлони Тоҷикистон акнун ҳамроҳи мост”, - иброз намуд президенти САТА, Ҳалимҷон Есенов.

Лентаи хабарҳо
0