Кабиров вазифаи нав гирифт: роҳбарии Федератсияи нави варзишӣ ба зиммаи ӯ гузошта шуд

Обуна шудан
Федератсияи триатлон ташкилоти нави варзишиест, ки тоза дар Тоҷикистон таъсис дода шуд ва роҳбари он ба зиммаи Кабиров Шералишо гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ташкилоти нави варзишӣ – Федератсияи триатлон – таъсис ёфт, хабар медиҳад кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Асламшоҳ Маҳмадхолиқов, сармутахассиси бахши кор бо чавонон ва варзиши ноҳияи Панҷ  - Sputnik Тоҷикистон
Сармутахассиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш ихтиёран ба хизмати аскарӣ рафт

Ба иттилои манбаъ, ҷаласаи интихоботии федератсия рӯзи 28 - уми ноябр дар шаҳри Душанбе доир гардид ва ба ҳайси роҳбари ин Федератсия Кабиров Шералишо интихоб гардид.

Зикр гардид, ки федератсия тибқи талабот дар минтақаҳои кишвар намояндагиҳо ташкил карда, наврасону ҷавононро ба ин намуд ҷалб менамояд ва онҳоро барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ омода мекунад.

Триатлон (сеҳарба) намуди варзиш буда, се сабқати варзиширо муттаҳид мекунад: шиноварӣ, велосипедронӣ, дав. Ҳамчунин, моделҳои дигари триатлон мавҷуд аст, вале дар ҳоли ҳозир аз ҳама маъмул, ки ба Бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст, шиноварӣ-велосипедронӣ-дав мебошад. Мусобиқот дар масофаҳои гуногун баргузор мешаванд. Масофаи стандартӣ ё олимпӣ аз 1500 метр - шиноварӣ, 40 километр - велосипедронӣ ва 10 километр - дав дар шоҳроҳ иборат аст.

Вуруди 3 намуди дигари варзиш ба барномаи Бозиҳои Осиё - 2022

Триатлонро дар ҷаҳон Иттиҳоди байналмилалии триатлон идора мекунад, ки соли 1989 таъсис ёфтааст. Мусобиқаи олимпии триатлон бори аввал дар Бозиҳои олимпии Сидней соли 2000 доир гашт ва минбаъд ба барномаи ҳамаи бозиҳо ворид шуд.

Лентаи хабарҳо
0