ВУД сабаб, зарар ва гунаҳкори сӯхтор дар Панҷакентро гуфт

CC0 / Pixabay / skeeze / Пожарный тушит огонь, архивное фото
Пожарный тушит огонь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтореро, ки хонаи Миспоҳов Исматулло ва толори занонаи “Заррин”-ро дар шаҳри Панҷакент фаро гирифт, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, сӯхтор тақрибан соати 08:00-и 6 декабр дар манзили истиқоматии шаҳрванд Миспоҳов Исматулло, сокини 31-солаи шаҳри Панҷакент, дар хиёбони Рӯдакии ин шаҳр рух дод.

Павильон с пиротехникой горит в Ростове-на-Дону - Sputnik Тоҷикистон
Дурахшон ва зебо: сӯхтор дар дукони пиротехникӣ дар Ростови лаби Дон - наворҳо

“Дар баробари гирифтани хабар фавран ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор 3 нақлиёти оташнишонӣ ва 21 нафар ҳайати шахсӣ сафарбар карда шуда, сӯхтор соати 08:27 дақиқа иҳота ва соати 10:34-дақиқа, дар масоҳати аввалааш пурра хомӯш гардид”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати умури дохилӣ.  

Манбаъ таъкид кард, ки талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуда, дар натиҷаи сӯхтор дар масоҳати 118 метри мураббаъ хонаи Миспоҳов ва толори занонаи “Заррин” сӯхта зарар дидааст.

ВУД сабаби сар задани сӯхторро беназорат гузоштани гармкунаки барқии равғанӣ хонда, гунаҳкори ҳодисаро иҷорагири манзили истиқоматӣ Сайфиев Фазлиддин, сокини 34-солаи ҷамоати деҳоти Фароб ном бурдааст.

Зарари расондаи сӯхтор 20 ҳазору 270 сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0