ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, садамаи маргбор 6-уми декабри соли 2020, тахминан соати 10:00 рух дода, дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расиданд.
Манбаъ афзуд, ронандаи автомашинаи тамғаи “КIA”, Ҳотамов Дилшод, сокини 42-солаи ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Тоҷикобод ба самти ноҳияи Лахш, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пилдон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, тахминан 200 метр ба ҷарӣ рафта чаппа шудааст.
“Дар натиҷа, мусофири автомашина Ҳотамова Аҳлинисо Ҳотамовна, соли таваллудаш 1964, сокини ҷамоати деҳоти Сари-киштии ноҳияи Рӯдакӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ва ронанда Ҳотамов Дилшод дар беморхона ба ҳалокат расидааст”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки Раҳмадзода Мустафо Раҷаб, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Хумдони ноҳияи Нуробод ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудааст.
Қаблан манобеи Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки садама дар ҳоле рух дод, ки домод ҳамроҳи аммааш - Аҳлиниссо ва амакбачааш Дилшод дар роҳ барои арӯсбиёрӣ мерафтанд.