Баҳси тағйироти кадрию савгандхӯрӣ? даъвати ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонРустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост)
Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ бо муовинонаш Раҷаббой Аҳмадзода ва Ёдгор Файзов (аз рост) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон дар ҳафтаи равон хабар дод

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Маҷлиси миллӣ, ҷаласаи якҷояи чоруми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон даъвати шашум 10 декабри соли 2020 дар назар аст.

Эмомали Рахмон, президент и Шерали Хайруллоев, бывший министр обороны Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Президент писари Шералӣ Хайруллоевро барканор кард: вазифаи нав мегирад

Таъкид шудааст, ки ҷаласаи якҷоя соати 09:00 дар маҷ­лис­гоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегар­дад.

"Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 декабри соли 2020 аз соати 08-00 то соати 17-00 ва 10 декабри соли 2020 аз соати 07-00 то 08-00 дар ошёнаи якум бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷраи №1 ба қайд гирифта мешаванд", - омадааст дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ.

Дар бораи мавзӯъҳои ҷаласаи якҷоя хабар дода нашудааст, аммо яке аз салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ин тасдиқи фармони Президент дар бораи таъйин намудан ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат мебошад. Аъзои Ҳукумат инчунин бар асоси қонунгузории кишвар муваззафанд, ки савганд ёд кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ахиран баъди пирӯзии дигарборааш дар интихобот, аввали моҳи ноябр дар Ҳукумат бархе тағйироти кадрӣ анҷом дода буд. Бисёре аз аъзои қаблии Ҳукумат дар тағйироти кадрии баъдиинтихоботӣ мақомашонро ҳифз намуданд, ки сарвазир Қоҳир Расулзода низ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0