ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Тибқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, Хайруллоев Тоҳир Шералиевич аз вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти мудофиавии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.
Дар амри раисиҷумҳур, ки имрӯз имзо шудааст, далели барканории Тоҳир Хайруллоев “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” зикр шудааст. Аммо феълан маълум нест, ки Хайруллоев чӣ вазифа мегирад.
Генерал Тоҳир Хайруллоев, ки қаблан дар мақомоти низомии Тоҷикистону Русия кор мекардааст, писари Шералӣ Хайруллоев, собиқ вазири мудофиа ва ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон мебошад.
Шералӣ Хайруллоев, ки ҳозир 71 сол дорад, моҳи ноябри соли 2013 баъди 18 соли кор ба ҳайси вазири мудофиаи Тоҷикистон аз ин мақом барканор шуд.
Баъдан 25 январи 2014 Шералӣ Хайруллоев ёвари раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масоили амнияти миллӣ таъйин шуд.
Солли 2019 бо фармони раисиҷумҳур Шералӣ Хайруллоев бо сабаби ба нафақа баромадан, аз вазифаи ёвари Президенти Тоҷикистон дар масъалаҳои амнияти миллӣ озод шуд.