ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Бино ба маълумоти идораи ҳавошиносии кишвар то 12 декабр ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо борон меборад ва он тадриҷан ба барфи тар табдил меёбад, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Кумита
Ба иттилои манбаъ, дар кӯҳҳо ва баланкӯҳҳо резиши барфи шадид пешбинӣ шудааст.
“Табиист, ки ҳавои сарду боронӣ ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро мушкил мекунад. Яхбандӣ ва пайдо шудани ғарафи барф имкон дорад”,-афзудааст манбаъ.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавсия додааст, ки шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар чораҳои амниятиро риоя кунанд.
“Ҳангоми боридани барфи тар, вақте шумо дар кӯчаед, пас ба хатҳои барқ, ки аз болои сари шумо мегузаранд, таваҷҷуҳ намоед. Дар ҳоли мушоҳида кардани кандашавии хатҳои интиқоли қувваи барқ ва ҳодисаҳои дигар фавран ба хадамоти фаврӣ муроҷиат кунед”,-таъки кардааст, Кумита.
КҲФ Тоҷикистон гуфт, дар нуҳ моҳ аз офатҳои табиӣ чанд нафар ҳалок шуд
КҲФ ба дархост аз ронандаҳо гуфтааст, ки дар сурати яхбандӣ махсусан қоидаҳои ҳаракатро дар шароити душвори обу ҳаво риоя кунанд. То ҳадди имкон аз сафарҳои бидуни зарурат даст кашанд.