ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, миёни қурбониёни садамаҳои марговар ронандагон, мусофирон, занону мардон, пирсолону ноболиғон низ зиёд ба назар мерасанд.
Тибқи иттилои манбаъ, аксари ин садамаҳо бар асари риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон рух медиҳанд, ки хеле нигаронкунанда аст.
Таъкид шудааст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода борҳо дар мавридҳои гуногун ба ронандагон муроҷиат карда буд, ки риояи қоидаҳои ҳаракат гарави аслии ҳифзи саломатии худи онҳост.
Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 28 ноябр то 3 декабри соли 2020 дар минтақаҳои гуногуни доманакӯҳ ва кӯҳистони кишвар боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад.
Ин манбаъ гуфтааст, ки дар аксар мавридҳо борони шадид ба барфи тар табдил мешавад ва табиист, ки ин ҳолат ҳаракати мошинҳо ва одамонро дар роҳҳои кӯҳӣ мушкилу хатарзо мекунад.
Дар ҳамин ҳол, бо назардошти ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ронандагӣ дар чунин ҳаво вижагиҳои хоси худро дорад.
“Ронандагон бояд махсусан дар роҳ эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракатро қатъиян риоя кунанд. Онҳое, ки нав мошинрониро омӯхтаанд, беҳтараш аз сафар бо роҳҳои мушкилгузар худдорӣ намоянд. Роҳҳои кӯҳӣ дар ҳавои сарду боронӣ сангрезишу тарма доранд ва барои ин ронандагон бояд маҳорату малакаҳои хуби ронандагиро дошта бошанд”, - қайд кардааст КҲФ Тоҷикистон.
KҲФ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки либоси гарм, чароғаки дастӣ, бели хурд, ресмон, сӯзишвории эҳтиётӣ, дар термос оби гарм бо худ дошта бошанд. Инчунин, дорухонаи ёрии аввалияро дар мошин нав кардан лозим аст. Бо худ якчанд симкорт ва пуркунандаи барқ барои телефонҳои мобилӣ дошта бошед.
Инчунин КҲФ ҳушдор додааст, ки асвалти тоза дар ҳавои сард таҳдидҳои зиёд ба ронанда дорад. Он метавонад бо қабати номаълум ва басо нафиси як пӯшида шуда бошад. Аз ин рӯ риояи фосила миёни мошинҳо ва боло набурдани суръати ҳаракат як роҳи эминӣ аз ҳар гуна хатарҳост!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон муроҷиат кардааст, ки дар роҳ шитоб накунанд ва дар роҳ эҳтиёткор бошанд.