ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Зеваров чанд сол бад шудани муносибатҳояш бо Нигинаро ба "қувваҳои беруна" рабт медиҳад, ки ба муносибатҳояшон таъсир расониданд.
Ба гуфтаи ӯ, ин гуна ҳолатҳо байни ҳунармандон низ зиёд мешавад.
"Чунин ҳолатҳо зиёданд. Масалан, соли 2013 якчанд қувваҳои беруна буданд, ки ба муносибатҳои ману Нигина Амонқулова таъсир расонида буданд. Аз оғози клипи “Маро муҳаббати ту кушт”, то барпо кардани консерти яккаи ӯ дар “Кохи Борбад”, дӯстони наздики худам миёни ману Нигина Амонқулова даромада, муносибатҳои моро вайрон карда буданд", - гуфтааст ба рӯзномаи "Оила".
Коргардони шинохта афзудааст, ки ҳоло бо ҳунарманд оштӣ кардаанд ва ҳамкориву дӯстиашонро идома медиҳанд.
Насиҳати Амонқулова ба мардум: ӯ гуфт бузургтарин иштибоҳ дар зиндагӣ кадом аст
Беҳрӯз Зеваров қайд кардааст, ки пас аз ҳудудан ду соли ногапӣ будан бо Амонқулова, рӯзе дар маъракае вохӯрдаву гӯё байнашон ҳеҷ гап набуд, ба дӯстиашон идома додаанд.
Вай афзудааст, ки чанд дӯсташро, ки боиси нофаҳмии ӯву Нигина Амонқулова гаштаанд, бахшидааст.